Роҳандозии иқдоми тозагӣ дар Варзоб
Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Варзоб фаъолияти худро дар муддати се моҳи соли 2014 хуб ба роҳ монда, корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда мутахассисони шуъба дар ҳамкорӣ бо нозирони милитсияи экологӣ 108 санҷиш гузаронида, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта 108 амрия пешниҳод карданд. Барои вайрон намудани қонунгузориҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист нисбат ба 108 нафар шахсони воқеӣ ва мансабдор, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 7360 сомонӣ ҷарима баста шуд, ки 1840 сомонии он ба буҷет ворид шуд. 25 адад протокол ба маблағи 1920 сомонӣ барои ситонидан ба суди иҷроияи ноҳияи Варзоб пешниҳод шуда, 44 протокол ба маблағи 3400 сомонӣ таҳти баррасӣ қарор дорад.
Дар қаламрави ноҳия шинонидани 48 ҳазору 917 бех дарахти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 5495 бехаш дарахти мевадиҳанда ва 9114-бех дарахтони сояафкан ва ороишӣ мебошанд. Инчунин дар ин давра 7 га боғ бунёд шудааст.
Ҳар рўзи шанбе дар ҷамоатҳои ноҳияи Варзоб иқдоми «Тозагии соҳил гузаронида мешавад ва дар он ҷо мактаббачагону сокинони ноҳия фаъолона иштирок мекунанд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






