Роҳандозии иқдоми тозагӣ дар Варзоб

Апрель 25, 2014 09:00

 Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Варзоб фаъолияти худро дар муддати се моҳи соли 2014 хуб ба роҳ монда, корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда мутахассисони шуъба дар ҳамкорӣ бо нозирони милитсияи экологӣ 108 санҷиш гузаронида, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта 108 амрия пешниҳод карданд. Барои вайрон намудани қонунгузориҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист нисбат ба 108 нафар шахсони воқеӣ ва мансабдор, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 7360 сомонӣ ҷарима баста шуд, ки 1840  сомонии он ба буҷет ворид шуд. 25 адад протокол ба маблағи 1920 сомонӣ барои ситонидан ба суди иҷроияи ноҳияи Варзоб пешниҳод  шуда,  44 протокол ба маблағи 3400 сомонӣ таҳти баррасӣ қарор дорад.
Дар қаламрави ноҳия шинонидани 48 ҳазору 917 бех дарахти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 5495 бехаш дарахти мевадиҳанда ва 9114-бех дарахтони сояафкан ва ороишӣ мебошанд. Инчунин дар ин давра 7 га боғ бунёд шудааст.
Ҳар рўзи шанбе дар ҷамоатҳои ноҳияи Варзоб иқдоми «Тозагии соҳил гузаронида мешавад ва дар он ҷо мактаббачагону сокинони ноҳия фаъолона иштирок мекунанд. 
 

Апрель 25, 2014 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд