Ройзании фарҳангии Эрон ба КМТ китоб тақдим кард
Душанбе, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Ройзании фарҳангии Эрон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) беш аз 500 китоб тақдим кард. Дар расми тақдими китобҳо раиси Ройзании фарҳангии Эрон Муҳаммадҳасан Санъатӣ изҳор кард, ки дар байни китобҳои тақдимшуда адабиёте ҳастанд, ки дар тӯли чандин солҳо пажӯҳиш шудаанд. Инчунин дар маросими китобсупорӣ директори КМТ Носир Салимов аз Ройзании фарҳангии Эрон барои туҳфаи китобҳо миннатдорӣ баён намуд ва изҳори умед кард, ки ҳамкориҳои мутақобила минбаъд низ давом хоҳанд ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки чунин иқдом аз ҷониби мардуми Эронзамин бори аввал набуда, моҳи декабри соли гузашта низ аз тарафи Анҷумани дўстии Тоҷикистону Эрон ба КМТ 4, 5 ҳазор китоб тақдим гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






