Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин

Апрель 18, 2014 14:49

Душанбе, 18.04.20014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз дар Душанбе котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо намояндагони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Мардумии Чин  мулоқоти дуҷониба баргузор намуд.
  Зимни мулоқоти дуҷониба оид ба густариши ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар соҳаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои экстремистӣ, сепаратизм, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубодилаи афкор сурат гирифт.
    Сипас, бо ҳайати меҳмонон ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро мулоқот анҷом дода, миннатдории хешро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин  баҳри дастгирӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ иброз намуд.
«Ҷумҳурии Мардумии Чин  барои пешравии Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Тоҷикистон низ аз ҷониби худ барои сулҳу амнияти кишварҳои минтақа ва дигар соҳаҳо омода аст бо Хитой ҳамкории зич дошта бошад»,- афзуд Раҳимзода Рамазон Ҳамро.    
 

Апрель 18, 2014 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад