Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин
Душанбе, 18.04.20014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз дар Душанбе котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо намояндагони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти дуҷониба баргузор намуд.
Зимни мулоқоти дуҷониба оид ба густариши ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар соҳаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои экстремистӣ, сепаратизм, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сипас, бо ҳайати меҳмонон ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро мулоқот анҷом дода, миннатдории хешро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳри дастгирӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ иброз намуд.
«Ҷумҳурии Мардумии Чин барои пешравии Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Тоҷикистон низ аз ҷониби худ барои сулҳу амнияти кишварҳои минтақа ва дигар соҳаҳо омода аст бо Хитой ҳамкории зич дошта бошад»,- афзуд Раҳимзода Рамазон Ҳамро.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






