С.Аслов дар ҷаласаи Шӯрои ШВКХ ИДМ иштирок мекунад
Душанбе, 04.04.2014. (АМИТ «Ховар). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 4 апрел соли ҷорӣ баргузор мегардад, барои боз-диди корӣ ба шаҳри Маскав рафт.
Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа масоили ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳод, амнияти минтақа, ҳамчунин таҳкими низоми байналмилалии назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиҳатҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳолатҳои фавқулодда, тандурустӣ, варзиш ва соҳаҳои иҷтимоию гуманитарӣ баррасӣ мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






