С. Наришкин Ш. Зуҳуровро ба Русия даъват кард
Душанбе, 18.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Тақвияти сатҳи равобити Душанбеву Маскав аз муҳимтарин мавзӯоти мулоқоти роҳбарони палатаҳои поёнии парлумонҳои Тоҷикистону Русия -Шукурҷон Зуҳуров ва Сергей Наришкин буд, ки имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия матраҳ гардид.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти худ таҳкими ҳамкорӣ бо Русияро дар тамоми соҳаҳо меҳвари асосӣ қарор додааст. Зикр гардид, ки асоси робитаи ҳасана байни палатаҳои поёнии ҳар ду кишвар дар партави иродаи сиёсии сарони ҳар ду давлат сарчашма мегирад. Ш. Зуҳуров аз дастгирӣ ва пуштибонии Русия аз мавқеи Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ изҳори қадрдонӣ намуда, гуфт, ки Тоҷикистон Русияро муҳимтарин шарики стратегии худ медонад ва барои тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун манфиатдор аст.
Ш. Зуҳуров зикр кард, ки равобити парлумонӣ байни ҳар ду кишвар тибқи Созишномаи ҳамкорӣ байни палатаҳои поёнии парлумонҳои ҳар ду давлат асос ёфта, дар ин замина фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни парлумонҳои кишварҳои мо ба роҳ монда шудааст. Дар мулоқот, ҳамзамон тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф, муҳоҷират, туризму варзиш баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки парлумонҳои Тоҷикистону Русия барои ба роҳ мондани фаъолият дар бахшҳои мазкур заминаи ҳуқуқӣ эҷод мекунанд.
Сергей Наришкин -раиси Думаи давлатии Русия ба сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф, хусусан робитаҳои парлумонӣ баҳои баланд дода, ба тақвияти ҳарчи бештари ин муносибот таъкид кард. С. Наришкин гуфт, ки дар муносиботи ду кишвар, хусусан дар равобити байнипарлумонӣ ягон монеа вуҷуд надорад. Мусоҳибон инчунин дар атрофи авзои минтақа ва ҷаҳон табодули назар намуданд. Дар фарҷом Сергей Наришкин аз Шукурҷон Зуҳуров даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ аз Русия боздид намояд. Даъват бо самимият пазируфта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






