С. Наришкин Ш. Зуҳуровро ба Русия даъват кард

Апрель 18, 2014 11:23

    Душанбе, 18.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Тақвияти  сатҳи равобити Душанбеву Маскав аз муҳимтарин мавзӯоти мулоқоти роҳбарони палатаҳои поёнии парлумонҳои Тоҷикистону Русия -Шукурҷон Зуҳуров ва Сергей Наришкин буд, ки имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия матраҳ гардид.
     Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти худ таҳкими ҳамкорӣ бо Русияро  дар тамоми соҳаҳо меҳвари асосӣ қарор додааст. Зикр гардид, ки асоси робитаи ҳасана байни палатаҳои поёнии ҳар ду кишвар дар партави иродаи сиёсии сарони ҳар ду давлат сарчашма мегирад. Ш. Зуҳуров аз дастгирӣ ва пуштибонии  Русия аз мавқеи Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ изҳори қадрдонӣ намуда, гуфт, ки Тоҷикистон Русияро муҳимтарин шарики стратегии худ медонад ва барои тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун манфиатдор аст.
       Ш. Зуҳуров зикр кард, ки  равобити парлумонӣ байни ҳар ду кишвар тибқи Созишномаи ҳамкорӣ байни палатаҳои поёнии парлумонҳои ҳар ду давлат асос ёфта, дар ин замина фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни парлумонҳои кишварҳои мо ба роҳ монда шудааст. Дар мулоқот, ҳамзамон тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф, муҳоҷират, туризму варзиш баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки парлумонҳои Тоҷикистону Русия барои ба роҳ мондани фаъолият дар бахшҳои мазкур заминаи ҳуқуқӣ эҷод мекунанд. 
           Сергей Наришкин -раиси Думаи давлатии Русия ба сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф, хусусан робитаҳои парлумонӣ баҳои баланд дода, ба тақвияти ҳарчи бештари ин муносибот таъкид кард. С. Наришкин гуфт, ки дар муносиботи ду кишвар, хусусан дар равобити байнипарлумонӣ ягон монеа вуҷуд надорад. Мусоҳибон инчунин дар атрофи авзои минтақа ва ҷаҳон табодули  назар намуданд. Дар фарҷом Сергей Наришкин  аз Шукурҷон Зуҳуров даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ аз Русия боздид намояд. Даъват бо самимият пазируфта шуд.

Апрель 18, 2014 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид