С. Шаппаз: «КБСС ба Тоҷикистон назари хос дорад»
Душанбе, 8.04.2014.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидзода).-Масъалаи таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх /КБСС/ дар мулоқоти Амиршо Миралиев-муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Северина Шаппаз, сардори намояндагии КБСС дар Тоҷикистон, ки фаъолияташ анҷом ёфтааст ва Андре Паке-сардори навтаъйини СБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 апрел дар Душанбе баррасӣ гардид.
Амиршо Миралиев аз фаъолияти густурдаи КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки КБСС дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мавқеи худро қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши ҳолат ва вазъи зиндагии аҳолии ин минтақаҳо ва тартиби расонидани кӯмак ба сокинони он тақвият бахшидааст. Мавсуф афзуд, ки Тоҷикистон омодаи тавсеаи ҳарчи бештари ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалист. А. Миралиев таъкид кард, ки дар Тоҷикистон барои таҳкими муносибот шароити мусоид, хусусан заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо аз сӯи Парлумони кишвар фароҳам оварда шудаанд.
Дар суҳбат ҳамчунин масъалаҳои марбут ба бунёди ҷомеаи демократӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо Парлумони Иттиҳоди Аврупо, раванди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон», масъалаи безараргардонии минаҳо дар минтақаҳои марзӣ баррасӣ шуданд.
Сардори намояндагии КБСС дар Тоҷикистон Северина Шаппаз аз сатҳи ҳамкориҳои КБСС бо Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки ҳанӯз байни Тоҷикистон ва КБСС дар бахши ҳамкорӣ на ҳамаи имконоти мавҷуда истифода шудаанд. Мавсуф афзуд, ки мо умедвор ҳастем, ки ин мулоқот саҳифаи наверо дар тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо КБСС боз хоҳад кард, зеро КБСС , хусусан ниҳоди минтақавии он ба Тоҷикистон назари хос дошта, алоқаманди бештари ҳамкориҳост.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






