С. Шаппаз: «КБСС ба Тоҷикистон назари хос дорад»

Апрель 8, 2014 12:00

 
         Душанбе, 8.04.2014.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидзода).-Масъалаи таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх /КБСС/  дар мулоқоти Амиршо Миралиев-муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Северина Шаппаз,  сардори  намояндагии КБСС  дар  Тоҷикистон, ки фаъолияташ анҷом ёфтааст  ва Андре Паке-сардори навтаъйини  СБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  8 апрел дар Душанбе баррасӣ гардид.
Амиршо Миралиев аз фаъолияти густурдаи КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки КБСС дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мавқеи худро қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон  бо мақсади омӯзиши ҳолат ва вазъи зиндагии аҳолии ин минтақаҳо ва тартиби расонидани кӯмак ба сокинони он тақвият бахшидааст.   Мавсуф афзуд, ки Тоҷикистон омодаи тавсеаи ҳарчи бештари ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалист. А. Миралиев таъкид кард, ки дар Тоҷикистон барои таҳкими муносибот шароити мусоид, хусусан заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо аз сӯи Парлумони кишвар фароҳам оварда шудаанд.          
          Дар суҳбат ҳамчунин масъалаҳои марбут ба бунёди ҷомеаи демократӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо Парлумони Иттиҳоди Аврупо, раванди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон», масъалаи  безараргардонии минаҳо дар минтақаҳои марзӣ баррасӣ шуданд.     
     Сардори намояндагии КБСС дар Тоҷикистон Северина Шаппаз  аз сатҳи ҳамкориҳои КБСС бо Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки ҳанӯз байни Тоҷикистон ва КБСС дар бахши ҳамкорӣ на ҳамаи имконоти мавҷуда истифода шудаанд. Мавсуф афзуд, ки мо  умедвор ҳастем, ки ин мулоқот саҳифаи наверо дар тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо КБСС боз хоҳад кард, зеро КБСС , хусусан ниҳоди минтақавии он ба Тоҷикистон назари хос дошта, алоқаманди бештари ҳамкориҳост.
 

Апрель 8, 2014 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд