Саҳми С. Айнӣ дар рушду такомули забони тоҷикӣ
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 18-уми апрели соли 2014 кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи асосгузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ конфронси ҷумҳуриявии илмию амалиро бо унвони «Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ» баргузор менамояд.
Ёдовар мешавем, ки устод Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумони Ғиждувони аморати Бухоро ба дунё омадааст. Баҳори соли 1951 шуъбаи точикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Академияи илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд ва Айнӣ аввалин президенти Акедемияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид. Ин воқеа боис шуд, ки устод минбаъд шаҳри Сталинобод(ҳозира Душанбе)-ро ҷойи истиқомат қарор диҳад.
Дар конфронс масоили забоншиносӣ, аз ҷумла саҳми устод Айнӣ ва осори ӯ дар рушду такомули забони адабии ҳозираи тоҷикӣ, саҳми устод Айнӣ дар инкишофи услуби публитсистӣ, масъалаҳои забони матбуоти даврӣ, масъалаҳои тарҷумаи маводи матбуоти даврӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






