Саҳми С. Айнӣ дар рушду такомули забони тоҷикӣ

Апрель 17, 2014 10:11

 
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 18-уми апрели соли 2014 кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бахшида ба зодрӯзи асосгузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ  конфронси ҷумҳуриявии илмию амалиро бо унвони «Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ» баргузор менамояд.
Ёдовар мешавем, ки устод Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумони Ғиждувони аморати Бухоро ба дунё омадааст. Баҳори соли 1951 шуъбаи точикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Академияи илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд ва Айнӣ аввалин президенти Акедемияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид. Ин воқеа боис шуд, ки устод минбаъд шаҳри Сталинобод(ҳозира Душанбе)-ро ҷойи истиқомат қарор диҳад.
Дар конфронс масоили забоншиносӣ, аз ҷумла саҳми устод Айнӣ ва осори ӯ дар рушду такомули забони адабии ҳозираи тоҷикӣ, саҳми устод Айнӣ дар инкишофи услуби публитсистӣ, масъалаҳои забони матбуоти даврӣ, масъалаҳои тарҷумаи маводи матбуоти даврӣ   мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
 
 
 
 
 
 
 
 

Апрель 17, 2014 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад