Садамаи нақлиётӣ бо оқибатҳои фалокатбор

Апрель 19, 2014 10:26

Душанбе, 19.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз  ронандаи мошини тамғаи «Камаз»-5511», шаҳрванд Муртазо Исматуллоев, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Қурғонтеппа дар ҳудуди ноҳияи Бохтар, ба тарафи чапи роҳ гашта, ба мошини тамғаи «Opel — Astra», таҳти идораи ронанда Маҳмадризо Маҳмадуллоев, соли таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ,  ки бо роҳи худ аз тарафи шаҳри Қурғонтеппа ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, бархӯрд.
Тавре ки маркази мабуоти ВКД хабар медиҳад, дар натиҷаи садама, мусофири мошини «Opel-Astra» Алмира Бахибекова, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Румӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигари мошини мазкур Неъмат Қобилов, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Ҷилликул ва Абдулҳаким Муродов, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Ронандаи мошини сабукрави  «Opel — Astra» М.Маҳмадуллоев ва мусофири он У.Сафаров дар беморхона ба ҳалокат расиданд.  

Апрель 19, 2014 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд