Сафари ҳайати намояндагии ҶМЧ ба Тоҷикистон

Апрель 17, 2014 14:24

Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Субҳи 17 апрели соли равон таҳти  роҳбарии аъзои Шӯрои давлатӣ, вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун, инчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Се Ханшэн, муовини вазири бехатарии ҷамъиятӣ Ли Вэй ва муовини вазири амнияти миллӣ Ма Тсзян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, мақсад аз ташрифи  вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат дар ҷаласаи навбатии котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе мебошад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари корӣ ҳайати расмии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намояд.
18-уми апрели соли ҷорӣ ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии аъзои Шӯрои давлатӣ, вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, вобаста ба ҳамкории дуҷониба изҳори назар менамоянд.

Апрель 17, 2014 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик