Сафари ҳайати намояндагии ҶМЧ ба Тоҷикистон
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Субҳи 17 апрели соли равон таҳти роҳбарии аъзои Шӯрои давлатӣ, вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун, инчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Се Ханшэн, муовини вазири бехатарии ҷамъиятӣ Ли Вэй ва муовини вазири амнияти миллӣ Ма Тсзян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, мақсад аз ташрифи вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат дар ҷаласаи навбатии котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе мебошад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари корӣ ҳайати расмии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намояд.
18-уми апрели соли ҷорӣ ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии аъзои Шӯрои давлатӣ, вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, вобаста ба ҳамкории дуҷониба изҳори назар менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






