Сафари 700 ҳазор нафар хориҷиён ба ФР манъ шуд

Апрель 8, 2014 11:57

Душанбе, 08.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Лайло  Тоирӣ). – Назар  ба  изҳороти  Хадамоти  федералии  муҳоҷирати  Русия сафари   қариб  700  ҳазор нафар   шаҳрвандони  хориҷӣ  ба  Русия  манъ  шудааст. 
«То имрӯз  Хадамоти федералии  муҳоҷирати  ФР  барои  риоя  нашудани қонунгузории  Русия сафари 685 ҳазор нафар  шаҳрвандони хориҷиро  ба Федератсияи  Русия  манъ  кардааст», —  изҳор  дошт  ба  Агентии «Интерфакс»  корманди хадамоти  матбуоти  муассисаи  мазкур. Мавсуф  зикр  намуд, ки  сабабҳои  асосии маҳдуд  намудани  сафар  ба Федератсияи  Русия рух додани ду ва бештар аз  он қонуншиканӣ  ва назар  ба  мӯҳлати  муқаррнамудаи қонун  бештар  дар  ин  кишвар  сукунат  доштани шаҳрвандони хориҷӣ  аст.
Дар  Хадамоти  федералии  муҳоҷират  ҳамчунин  изҳор  доштанд, ки хориҷиёни гунаҳкор бо  қарори  судҳо  дар  марказҳои  махсус  нигоҳ дошта  мешаванд. Алҳол  дар  қаламрави  Федератсияи  Русия 75 чунин муассисаҳои  махсуси  Хадамоти  федералии  муҳоҷират  мавҷуданд.

Апрель 8, 2014 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик