Сафари 700 ҳазор нафар хориҷиён ба ФР манъ шуд
Душанбе, 08.04.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ). – Назар ба изҳороти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия сафари қариб 700 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия манъ шудааст.
«То имрӯз Хадамоти федералии муҳоҷирати ФР барои риоя нашудани қонунгузории Русия сафари 685 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷиро ба Федератсияи Русия манъ кардааст», — изҳор дошт ба Агентии «Интерфакс» корманди хадамоти матбуоти муассисаи мазкур. Мавсуф зикр намуд, ки сабабҳои асосии маҳдуд намудани сафар ба Федератсияи Русия рух додани ду ва бештар аз он қонуншиканӣ ва назар ба мӯҳлати муқаррнамудаи қонун бештар дар ин кишвар сукунат доштани шаҳрвандони хориҷӣ аст.
Дар Хадамоти федералии муҳоҷират ҳамчунин изҳор доштанд, ки хориҷиёни гунаҳкор бо қарори судҳо дар марказҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд. Алҳол дар қаламрави Федератсияи Русия 75 чунин муассисаҳои махсуси Хадамоти федералии муҳоҷират мавҷуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






