Сафи ихтиёриёни хизмат меафзояд
Хоруғ,3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Имсол назар ба солҳои қаблӣ гусели наваскарон дар ВМКБ ба сафи неруҳои мусаллаҳи кишвар бо омодагии бештар оғоз гардид. Як гурӯҳ ҷавонон давталабона дар назди комиссариати ҳарбии ноҳияи Шуғнон, ки дар шаҳраки Ваҳдат ҷойгир аст, бо ёру дӯстон ва хешу пайвандон ҷамъ омаданд ва то лаҳзаи муоинаи комиссияи тиббӣ рақсу таронахонӣ карданд.
Раиси комиссияи даъвати баҳорӣ, муовини аввали раиси вилоят Амрихудои Дамдор дар суҳбат бо волидон ва даъватшудагон ва дар ҳузури табибон баён дошт, ки барои артиши миллӣ ҷавонони солиму неруманд заруранд. Ҷавонон бо ҷузъитарин иллат дар ҷисмашон аз рафтан ба аскарӣ бояд муваққатан манъ шаванд. Масалан, баъзан комиссариатҳои шаҳрию ноҳиявӣ ба хотири иҷрои нақша ҷавононро аз сари роҳ ва ё бозор гирифта, ба макони сафарбаркунӣ меоварданд. Имсол бо супориши бевоситаи Сарвари давлат ба ин масъала диққати ҷиддӣ равона шудааст. Онҳое, ки ба ин амали зишт даст мезананд, ҳатман муҷозот хоҳанд шуд.
Сардори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Имомёрбек Имомёрбеков ба наваскарон туҳфаҳои хотиравӣ такдим намуда гуфт, ки сол аз сол теъдоди онҳое, ки ихтиёран ба хизмати Ватан мераванд, меафзояд ва ин боиси ифтихор аст.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






