Сафи ихтиёриёни хизмат меафзояд

Апрель 3, 2014 16:43

     Хоруғ,3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Имсол назар ба солҳои қаблӣ гусели наваскарон дар ВМКБ ба сафи неруҳои мусаллаҳи кишвар бо омодагии бештар оғоз гардид. Як гурӯҳ ҷавонон давталабона дар назди комиссариати   ҳарбии ноҳияи Шуғнон, ки дар шаҳраки Ваҳдат ҷойгир аст, бо ёру дӯстон ва хешу пайвандон ҷамъ омаданд ва то лаҳзаи муоинаи комиссияи тиббӣ рақсу таронахонӣ карданд.  
 Раиси  комиссияи даъвати баҳорӣ, муовини аввали раиси вилоят Амрихудои Дамдор дар суҳбат бо волидон ва даъватшудагон ва дар ҳузури табибон баён дошт, ки барои артиши миллӣ ҷавонони солиму неруманд заруранд. Ҷавонон бо ҷузъитарин иллат дар ҷисмашон аз рафтан ба аскарӣ  бояд муваққатан манъ шаванд. Масалан, баъзан комиссариатҳои шаҳрию ноҳиявӣ ба хотири иҷрои нақша ҷавононро аз сари роҳ ва ё бозор гирифта, ба макони сафарбаркунӣ меоварданд. Имсол бо супориши бевоситаи Сарвари давлат ба ин масъала диққати ҷиддӣ равона шудааст. Онҳое, ки ба ин амали зишт даст мезананд, ҳатман муҷозот хоҳанд шуд. 
Сардори   бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия  Имомёрбек Имомёрбеков ба наваскарон туҳфаҳои хотиравӣ такдим намуда гуфт, ки сол аз сол  теъдоди  онҳое, ки ихтиёран  ба  хизмати Ватан мераванд, меафзояд ва ин боиси ифтихор аст.  

Апрель 3, 2014 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!