Санъатӣ хостори тавсеаи равобити фарҳангӣ шуд

Апрель 16, 2014 16:26

          Душанбе, 16. 04.14.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Таҳкими ҳамкориҳои  илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар доираи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ /ҶДРФТ/ дар мулоқоти Сайдулло Хайруллоев-раиси ҶДРФТ бо  Муҳамадҳусейни Санъатӣ- раиси Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон  баррасӣ гардид.
   Зикр шуд, ки байни ду кишвари ҳамзабон ҳеҷ гуна мушкилот вуҷуд надорад, сол аз сол густариш пайдо кардани робитаҳор дар заминаҳои гуногун шаҳодати гуфтаҳост.
Сайдулло Хайруллоев нақши донишмандони ду кишварро дар тарғибу ташвиқи осори адибону мутафаккирон ва фарҳангу тамаддуни ҳар ду халқ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид шуд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳамкориҳо байни донишмандони тоҷику эронӣ бояд тақвият ёбад. Мо бояд заминаи мусоиди равобити тарафайнро барои олимону донишмандони ду кишвар бештар фароҳам орем, то онҳо аз таҳқиқот ва пажӯҳишҳои анҷомдодаи ҳамдигар бохабар гарданд. 
    Муҳаммадҳусайни Санъатӣ -раиси Ройзании фарҳангии Эрон аз раванди  ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши илму фарҳанг изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори тақвияти ҳарчи бештари ин равобит шуд. 
   Ҳамзамон дар мулоқот Мирзо Муллоаҳмадов -раиси ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Эрон» роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии ҳар ду кишвар ибрози назар намуд.

Апрель 16, 2014 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд