Санъатӣ хостори тавсеаи равобити фарҳангӣ шуд
Душанбе, 16. 04.14.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Таҳкими ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар доираи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ /ҶДРФТ/ дар мулоқоти Сайдулло Хайруллоев-раиси ҶДРФТ бо Муҳамадҳусейни Санъатӣ- раиси Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Зикр шуд, ки байни ду кишвари ҳамзабон ҳеҷ гуна мушкилот вуҷуд надорад, сол аз сол густариш пайдо кардани робитаҳор дар заминаҳои гуногун шаҳодати гуфтаҳост.
Сайдулло Хайруллоев нақши донишмандони ду кишварро дар тарғибу ташвиқи осори адибону мутафаккирон ва фарҳангу тамаддуни ҳар ду халқ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид шуд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳамкориҳо байни донишмандони тоҷику эронӣ бояд тақвият ёбад. Мо бояд заминаи мусоиди равобити тарафайнро барои олимону донишмандони ду кишвар бештар фароҳам орем, то онҳо аз таҳқиқот ва пажӯҳишҳои анҷомдодаи ҳамдигар бохабар гарданд.
Муҳаммадҳусайни Санъатӣ -раиси Ройзании фарҳангии Эрон аз раванди ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши илму фарҳанг изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори тақвияти ҳарчи бештари ин равобит шуд.
Ҳамзамон дар мулоқот Мирзо Муллоаҳмадов -раиси ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Эрон» роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии ҳар ду кишвар ибрози назар намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






