«Сангпораи сулҳи Ҳирошима» супорида шуд
Душанбе, 19. 04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар толори туҳфаҳои президентии Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ бо иштироки зиёда аз 150 нафар меҳмон маросими супоридани «Сангпораи сулҳи Ҳирошима» баргузор гардид.
Дар он, аз ҷумла намояндагон аз ҷумҳурии Ҷопон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ , Раёсати дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Иттифоқи нависандагон ширкат доштанд.
Ёдрас мекунем, ки 6-уми августи соли 1945 аввалин маротиба дар таърихи инсоният ба шаҳри Ҳирошимаи Ҷопон бомбаи атомии «Little Boy”, ки эквивалентнокиаш 13-18 килотонна тротилро ташкил медод партоб гардида, баъди се рӯзи дигар 9-уми августи соли 1945 ба шаҳри дигари Ҷопон- Нагасаки низ бомбаи атомии «Fat Man» партофта шуд. Дар натиҷаи таркиши бомбаҳои атомӣ 176 ҳазору 987 сокини ин шаҳрҳо вафот кард.
Ҳамасола таърихи 6-уми август ҳамчун рӯзи таркиши аввалин бомбаи атомӣ ва ёдбуди қурбониён ҷашн гирифта мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






