Се ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор
Душанбе, 10.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддири Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи равон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси фаврӣ-ҷустуҷўӣ се далели фурӯш, нигахдошт ва интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор ошкор гардид.
Тавре ки дар ин бора аз Хадамоти гумрук хабар доданд, сокини деҳаи Катдараи ноҳияи Ҳамадонӣ Худойдод Қурбонови 30- сола дастгир шуд, ки ҳангоми боздошт аз ӯ 8 бастаи маводи навъи ҳашиш дарёфт гардида, зимни тафтишоти кормандони фаврии раёсати мазкур аз хонаи истиқоматии ӯ 12 бастаи навъи ҳашиш ёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи поён» хангоми назорати гумрукии шаҳрвандон, шаҳрванди 28-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро боздошт намуданд, ки маводи навъи чарсро дар пойафзолҳояш бо мақсади интиқол пинҳон кардааст.
Инчунин манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар ҳафтаи равон дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Маҳмадалии Маҳмадуллои 25- сола, сокини шахри Кӯлоб ҳангоми гузаштан аз қайд ва назорати гумрукӣ зери шубҳаи кормандони гумрук қарор гирифта, ҳангоми муоинаи шахсии шаҳрванд аз дохили либоси тагпӯши ӯ зиёда аз 600 грам маводи нашъадори навъи ҳашиш ёфт ва мусодира гардид.
Гуфта мешавад, ки феълан нисбат ба далелҳои номбурда тафтишот идома дошта, парвандаи ҷиноӣ бо дастрасии моддаҳои 200 ва 289-и КҶ ҶТ оғоз шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






