Се ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор

Апрель 10, 2014 10:36

Душанбе, 10.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддири Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи равон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси фаврӣ-ҷустуҷўӣ се далели фурӯш, нигахдошт ва интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор ошкор гардид.
Тавре ки дар ин бора аз Хадамоти гумрук хабар доданд, сокини деҳаи Катдараи ноҳияи Ҳамадонӣ  Худойдод Қурбонови 30- сола  дастгир шуд, ки ҳангоми боздошт аз ӯ 8 бастаи маводи навъи ҳашиш дарёфт гардида, зимни тафтишоти кормандони фаврии раёсати мазкур аз хонаи истиқоматии ӯ 12 бастаи навъи ҳашиш ёфт ва мусодира  шуд.
Ҳамчунин кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи поён» хангоми назорати гумрукии шаҳрвандон, шаҳрванди 28-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро боздошт намуданд, ки маводи навъи чарсро дар пойафзолҳояш бо мақсади интиқол пинҳон кардааст.
Инчунин манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар ҳафтаи равон дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Маҳмадалии Маҳмадуллои 25- сола, сокини шахри Кӯлоб  ҳангоми гузаштан аз қайд ва назорати гумрукӣ зери шубҳаи кормандони гумрук қарор гирифта, ҳангоми муоинаи шахсии шаҳрванд аз дохили либоси тагпӯши ӯ зиёда аз 600 грам маводи нашъадори навъи ҳашиш ёфт ва мусодира гардид.
Гуфта мешавад, ки феълан нисбат ба далелҳои номбурда тафтишот идома дошта, парвандаи ҷиноӣ бо дастрасии моддаҳои 200 ва 289-и КҶ ҶТ оғоз шудааст. 
 
 
 
 

Апрель 10, 2014 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид