Сел ҷони ду ноболиғро рабурд
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Боришоти зиёди рӯзҳои охир ба хоҷагии халқи бештари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон хисороти зиёд овард.
16 апрели соли равон, соати 13:44-дақиқа, дар натиҷаи аз меъёр зиёд боридани борони сел ва жола дар ҷамоати деҳоти Қизил-қалъа, деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросон заҳбурҳои обгузар пур шуда, аз маҷрои худ баромаданд. Сел ба қитъаҳои аҳолинишин, заминҳои кишт, боғҳо ва роҳҳои мошингард маҷро гирифта, хисороти зиёдеро ба бор овард.
Дар натиҷа дар деҳаи Меҳнатобод ба 170 хонаи шаҳрвандон обу лой даромада, як қисми онҳо осеби ҷиддӣ дидаанд. Аз ин офати табиӣ оғилхонаҳои баъзе шаҳрвандон вайрон гардидаанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, дар деҳаи номбурда ҳангоми ба хонаҳои истиқоматӣ даромадани сел ноболиғон Солиев Абдураҳмон Зайдуллоевич, соли таваллудаш 2012 ва Набиев Абдураҳим Сафарбекович, соли таваллудаш 2009 ба ҳалокат расидаанд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фавран ба ҷойи ҳодиса омада, дар айни ҳол ба зарардидагони офати табиӣ кӯмак расонида истодаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






