Семинарҳои дурӯзаи Р.Бҳеда дар Тоҷикистон
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар, Фарзона Достонзода). – Дар ҳошияи лоиҳаи «Тоҷикистон: Вусъати рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷию дӯзандагӣ ва афзун намудани имконияти ниҳодҳои дастгирии тиҷорат» тренинги дурӯза дар мавзӯи «ҳосилнокӣ, даромаднокӣ ва рақобатпазирӣ дар саноати дӯзандагӣ» корашро анҷом дод.
Тавре ки аз Маркази байналмилалии тиҷорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тренингро мушовири байналмилалии маркази мазкур оид ба идораи сифат ва ҳосилнокии ширкати «Раҷеш Бҳеда Консалтинг» доктор Раҷеш Бҳеда роҳандозӣ намуд.
Иштирокдорони тренинг бо усулҳои муосири беҳдошти малакаҳои дӯзандагон пайваста бо истифодаи низоми насли сеюм барои корхонаҳои дӯзандагӣ, ҷорӣ намудани барномаҳои сарфакорӣ дар соҳаи дӯзандагӣ, кам кардани партовҳо ва тарҳрезии нақшаи фаъолият ба манзури афзун намудани маҳсули меҳнат шинос карда шуданд.
Мувофиқи суханони манбаъ, тренингҳои зикршуда шароити аз роҳбари ҷаҳонии консалтинг омӯхтани усулҳои афзун намудани маҳсули меҳнат дар саноати дӯзандагиро фароҳам меорад.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаҳои ширкати «Раҷеш Бҳеда Консалтинг» оид ба ҳосилнокӣ ва баланд бардоштани сифат барои 25 фоиз афзоиш ёфтани маҳсули меҳнат ва баландшавии сифати дӯхти либос мусоидат намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






