Семинар ҷиҳати кор бо барномаи i2 дар Қазоқистон

Апрель 5, 2014 09:40

Душанбе, 05.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Дар чорчӯбаи лоиҳаи «Системаи ҳифзи ҳуқуқ барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи иттилооти фаврӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар», ки аз тарафи Намояндагии минтақавии раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ бо дастгирии Бюрои назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи (INL) Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Қазоқистон амалӣ мегардад, дар шаҳри Алмаато дар заминаи Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ (ЦАРИКЦ) аз 31 март то 4 апрели соли 2014 семинари амалӣ доир ба омӯзиши таҷрибаи пешоҳанг бо истифодаи барномаи i2 (“Analyst’s Notebook” ва “iBase”) баргузор гардид.
Дар кори семинар сардори шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Ю. Чикалов ба ҳайси мураббӣ иштирок намуд.
Дар машғулият намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳампешагони худ аз мақомоти салоҳиятдори Қазоқистон мубодилаи малака ва таҷрибаи корӣ намуданд. Онҳо имкониятҳои барномаи i2-ро ҳангоми гузаронидани таҳлили гуфтугӯи телефонӣ ва транзаксияи пулӣ намоиш доданд.

Апрель 5, 2014 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст