Семинар ҷиҳати кор бо барномаи i2 дар Қазоқистон
Душанбе, 05.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар чорчӯбаи лоиҳаи «Системаи ҳифзи ҳуқуқ барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи иттилооти фаврӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар», ки аз тарафи Намояндагии минтақавии раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ бо дастгирии Бюрои назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи (INL) Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Қазоқистон амалӣ мегардад, дар шаҳри Алмаато дар заминаи Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ (ЦАРИКЦ) аз 31 март то 4 апрели соли 2014 семинари амалӣ доир ба омӯзиши таҷрибаи пешоҳанг бо истифодаи барномаи i2 (“Analyst’s Notebook” ва “iBase”) баргузор гардид.
Дар кори семинар сардори шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Ю. Чикалов ба ҳайси мураббӣ иштирок намуд.
Дар машғулият намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳампешагони худ аз мақомоти салоҳиятдори Қазоқистон мубодилаи малака ва таҷрибаи корӣ намуданд. Онҳо имкониятҳои барномаи i2-ро ҳангоми гузаронидани таҳлили гуфтугӯи телефонӣ ва транзаксияи пулӣ намоиш доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






