Семинар дар мавзӯи такмили ихтисоси муаллимон анҷом ёфт

Апрель 28, 2014 11:27

Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар, Фарзона  Достонзода). – Чанде  пеш  дар  шаҳри  Душанбе  дар ҳошияи  Барномаи мақсадноки  федералии «Забони русӣ  барои  солҳои 2011 – 2015» семинари  панҷрӯзаи «Мактаби  олии иқтисодиёт» — и Донишгоҳи  тадқиқоти  илмӣ ҷиҳати такмили ихтисоси  муаллимони  мактабҳои  русӣ дар  хориҷа  анҷом  ёфт.
Дар  кори  семинар  беш  аз сад нафар  муаллимони забон  ва  адабиёти рус, ки  дар синфҳои  забони русии  макотиби  таҳсилоти миёна  кор  мекунанд,  ҳамчунин муаллимони  забони русии донишкадаҳои олии Тоҷикистон иштирок  намуданд. 
Тавре  ки  аз  намояндагии Ҳамкории  Русия  дар  Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  президенти Академияи таҳсилоти  Тоҷикистон Ирина  Каримова  ва  роҳбари  намояндагии Ҳамкории  Русия  дар  Тоҷикистон Владислав  Курнушко  аз  сатҳи илмию  усулии  чорабиниҳои дар  ҳошияи  семинар анҷомёфта изҳори  қаноатмандӣ  намуданд. 
Аз рӯи натиҷаи  семинар  се  нафар  муаллимон имконияти  таҳсил дар  магистратураи Мактаби  олии  иқтисодиётро  пайдо намуданд.

Апрель 28, 2014 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик