Семинари сафирони ҷавон дар Нанҷинги Чин

Апрель 2, 2014 11:03

Душанбе, 2.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дар пойтахти Бозиҳои 2-юми тобистонаи олимпии наврасон — Нанҷинги Чин  семинари сафирони ҷавон баргузор гардид. Дар он, ки 28-уми март ба анҷом расид, намояндагони беш аз 100 кумитаи миллии олимпии кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, Бозиҳои дуввуми тобистонаи олимпии наврасон аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин доир мешаванд. Ба барномаи бозиҳо 15 риштаи варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар намудҳои олимпии варзиш, ба мисли бокс, дзюдо, таэквон-до ВТФ, тирандозӣ, варзиши сабук, гӯштии озод, гӯштии юнониву румӣ, камонварӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон талош доранд.
Ёдрас мекунем, ки варзишгарони навраси тоҷик соли 2010 дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал (Баҳодур Қодиров дар риштаи гӯштии озод дар вазни то 63 кг — медали нуқра ва Шукрона Шарифова,таэквон-до ВТФ, вазни то 44 кг — медали биринҷӣ) ба даст оварданд. 
 
 
 

Апрель 2, 2014 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе