Семинари сафирони ҷавон дар Нанҷинги Чин
Душанбе, 2.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дар пойтахти Бозиҳои 2-юми тобистонаи олимпии наврасон — Нанҷинги Чин семинари сафирони ҷавон баргузор гардид. Дар он, ки 28-уми март ба анҷом расид, намояндагони беш аз 100 кумитаи миллии олимпии кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, Бозиҳои дуввуми тобистонаи олимпии наврасон аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин доир мешаванд. Ба барномаи бозиҳо 15 риштаи варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар намудҳои олимпии варзиш, ба мисли бокс, дзюдо, таэквон-до ВТФ, тирандозӣ, варзиши сабук, гӯштии озод, гӯштии юнониву румӣ, камонварӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон талош доранд.
Ёдрас мекунем, ки варзишгарони навраси тоҷик соли 2010 дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал (Баҳодур Қодиров дар риштаи гӯштии озод дар вазни то 63 кг — медали нуқра ва Шукрона Шарифова,таэквон-до ВТФ, вазни то 44 кг — медали биринҷӣ) ба даст оварданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






