Шӯрои илмӣ дар МТС
Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода). Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илмӣ доир гардид. Дар он ҳисоботи масъулин доир ба фаъолияти илмию тадқиқотии кормандони раёсатҳои марказ дар се моҳи соли равон шунида шуд. Аз ниҳоди мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни ҷаласа сардорони раёсатҳои марказ- А. Раҳнамо, Ш.Ризоев, А. Шеров, Т. Баротов, А.Қурбоншоев, Х. Додихудоев, К.Ҷӯраев оид ба фаъолияти раёсатҳое, ки роҳбарии онро ба дӯш доранд, гузориш доданд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои илмӣ роҳбарону мутахассисони Марказ оид ба минбаъд тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ, коркарди босифати маводи таҳлилӣ, ташкили чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, тадқиқоти иҷтимоӣ, мизҳои гирд ва конфронсҳо мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






