Ш. Зуҳуров, ҷашни мавлуд муборак!
Душанбе, 16.04.2014 (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Имрӯз 16 апрел Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни мавлуд дошта, ба синни мубораки 60 қадам ниҳод. Шукурҷон Зуҳуров 16 апрели соли 1954 дар ноҳияи Панҷ таваллуд шудааст. Дастпарвари Донишгоҳи муҳандисӣ — заминсозии шаҳри Маскав бо ихтисоси муҳандиси заминсоз (1976) буда, ҳамзамон Академияи идоракунии Федератсияи Русияро дар соли 1989 хатм намудааст. Ш. Зуҳуров дар вазифаҳои муҳандис — заминсози ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, сардори шуъбаи истифодаи замин ва заминсозии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, инструктор, мудири шуъба ва котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи собиқ Комсомолобод, ҳоло Нуробод, раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, муовини роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Шукурҷон Зуҳуров аз оғоз то охири гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон иштирок намуда, дар ду давраи аввал- Маскав ва Теҳрон раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини аввали раиси ин ҳайат буд. Аз соли 1997 то соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи оштии миллӣ кор кардааст. Ӯ дар як вақт, аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангиро ба уҳда дошт. Ҳамзамон солҳои 1995-2000 дар Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати якум вакил буд. Роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоистаи Шукурҷон Зуҳуровро қадр намуда, бо орденҳои «Дӯстӣ», «Шараф», медал ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали ҷашнии «20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонидааст. Ш. Зуҳуров 28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Рашт, № 12 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва 16 марти соли 2010 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Ҳамзамон Ш. Зуҳуров дар Иттиҳоди байнипарлумонии ҷаҳон Президенти гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон аст. Роҳбарият ва ҳайати кормандони АМИТ «Ховар» раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро бо ҷашни саид -60-умин солгарди мавлуд табрик намуда, саломатӣ ва дар фаъолияташон комёбиҳо таманно менамоянд.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






