Шаҳрдорӣ ба ғолибони озмунҳо ҷоиза месупорад

Апрель 19, 2014 10:58

        Душанбе, 19.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Чун анъанаи солҳои пешин шанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад. Рӯзи пойтахт имсол дар фазое таҷлил мегардад, ки аз таъсиси шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 сол сипарӣ мегардад. 
      Ба ифтихори Рӯзи пойтахт  имрӯз дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Маскав» сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт, маҳфилҳои шеъру суруд баргузор гардида, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодию кулчагӣ ташкил  мешавад.  
              Инчунин дар ин рӯз бо иштироки шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баргузории маҷлиси идона  озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин», «Беҳтарин муассисаи тандурустии пойтахт», «Беҳтарин муассисаи фарҳангии пойтахт», «Беҳтарин нозири мантақавии сол», «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт», «Мактаби сол-2013», «Директори сол-2013», «Муаллими сол-2013», «Кӯдакистони сол-2013», «Мудири кӯдакистони сол-2013», «Мураббии сол-2013», «Синфи беҳтарини сол-2013», «Соҳибкори беҳтарини пойтахт дар соли 2013» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
           Бобати хотирмон таҷлил намудани Рӯзи пойтахт шоми имрӯз дар Боғи Наврӯзгоҳи Душанбе бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик  барномаи фарҳангию мусиқӣ пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида мешавад.

Апрель 19, 2014 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад