Шаҳрдорӣ ба ғолибони озмунҳо ҷоиза месупорад
Душанбе, 19.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Чун анъанаи солҳои пешин шанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад. Рӯзи пойтахт имсол дар фазое таҷлил мегардад, ки аз таъсиси шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 сол сипарӣ мегардад.
Ба ифтихори Рӯзи пойтахт имрӯз дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Маскав» сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт, маҳфилҳои шеъру суруд баргузор гардида, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодию кулчагӣ ташкил мешавад.
Инчунин дар ин рӯз бо иштироки шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баргузории маҷлиси идона озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин», «Беҳтарин муассисаи тандурустии пойтахт», «Беҳтарин муассисаи фарҳангии пойтахт», «Беҳтарин нозири мантақавии сол», «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт», «Мактаби сол-2013», «Директори сол-2013», «Муаллими сол-2013», «Кӯдакистони сол-2013», «Мудири кӯдакистони сол-2013», «Мураббии сол-2013», «Синфи беҳтарини сол-2013», «Соҳибкори беҳтарини пойтахт дар соли 2013» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Бобати хотирмон таҷлил намудани Рӯзи пойтахт шоми имрӯз дар Боғи Наврӯзгоҳи Душанбе бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик барномаи фарҳангию мусиқӣ пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






