Шаҳрдорӣ дар Рӯзи ваҳдат тӯй дорад

Апрель 26, 2014 10:45

Душанбе, 26.04.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Дар Рӯзи ваҳдат, ки ҳамасола 27 июн таҷлил мегардад, дар Душанбе тӯйи арӯсию домодии 90 ҷуфт ҷавон ва хатнасури 360 нафар кӯдак баргузор мегардад.
Ин тадбир аз ҷониби шаҳрдории Душанбе дар иртибот ба истиқболи сазовори ҷашни 90-солагии Душанбе ва таҷлили 17 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдат андешида шудааст. Ҷавононе, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ тӯйи хонадоршавии онҳо гузаронида мешавад, инчунин 360 нафар кӯдаконе, ки хатнасур мешаванд, аз оилаҳои ниёзманди пойтахт мебошанд. Интизор меравад, ки тӯйи арӯсию домодии 90 ҷуфт  ҷавон дар бинои “Душанбе-Плаза”ва хатнасури 360 кӯдак дар “Боғи пойтахт” сурат гирад. Дар робита ба ин чорабиниҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев- шаҳрдори Душанбе ба масъулини бахшҳои мухталифи пойтахт дастур додааст, ки дар ин самт омодагии ҳамаҷонибаро роҳандозӣ намоянд.

Апрель 26, 2014 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд