Шаҳрдорӣ дар Рӯзи ваҳдат тӯй дорад
Душанбе, 26.04.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Дар Рӯзи ваҳдат, ки ҳамасола 27 июн таҷлил мегардад, дар Душанбе тӯйи арӯсию домодии 90 ҷуфт ҷавон ва хатнасури 360 нафар кӯдак баргузор мегардад.
Ин тадбир аз ҷониби шаҳрдории Душанбе дар иртибот ба истиқболи сазовори ҷашни 90-солагии Душанбе ва таҷлили 17 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдат андешида шудааст. Ҷавононе, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ тӯйи хонадоршавии онҳо гузаронида мешавад, инчунин 360 нафар кӯдаконе, ки хатнасур мешаванд, аз оилаҳои ниёзманди пойтахт мебошанд. Интизор меравад, ки тӯйи арӯсию домодии 90 ҷуфт ҷавон дар бинои “Душанбе-Плаза”ва хатнасури 360 кӯдак дар “Боғи пойтахт” сурат гирад. Дар робита ба ин чорабиниҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев- шаҳрдори Душанбе ба масъулини бахшҳои мухталифи пойтахт дастур додааст, ки дар ин самт омодагии ҳамаҷонибаро роҳандозӣ намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






