Шаҳристон ба кадрҳои ҷавон ниёз дорад
Душанбе, 10.04.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Раиси ноҳияи Шаҳристон Наим Набизода зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёне, ки аз ноҳияи Шаҳристон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил менамоянд, аз мулоқоти Президенти кишвар бо ҷавонон ёдоварӣ намуда, гуфт, ки: «Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро “кишвари ҷавонон” номида, изҳор дошт: “Мо орзуманди онем, ки шумо ҳамеша сарбаланд бошед, зеро донишу истеъдод ва неруи созандаи шумо мояи ифтихор ва сари баланди халқи бузургвори мост. Тоҷикон ҳамчун халқи куҳанбунёд дар тӯли таърих бо бузургону фарзонагони илму фарҳанги оламгир, фарзандони ҷасуру фидоӣ ва содиқу сазовори номи неки миллат соҳиби шуҳрати ҷаҳонӣ гардидаанд. Бо ёдоварӣ аз бунёду навсозии муассисаҳои сершумори таълимӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра таъкид гардид, ки наврасону ҷавонони кишвар бояд имконоти муосири муҳайё намудаи давлати соҳибистиқлоли худро пурсамар истифода бурда, кадрҳои ояндасози Тоҷикистони азиз гарданд».
Наим Набизода доир ба имтиёзоту шароитҳои муҳайё гардида маълумот дода, донишҷӯёни ноҳияро даъват намуд, ки баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳ баргашта, ба насли наврас дарс омӯзонанд, зеро ноҳияи Шаҳристон ба кадрҳои ҷавон эҳтиёҷманд аст.
Муовини ректори донишгоҳ Абдулфаттоҳ Раҳимов зикр намуд, ки имрӯз дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи факултаҳои мухталифи донишгоҳ 356 нафар ва тибқи квотаи Президентӣ 43 нафар донишҷӯи ин ноҳия таҳсили илм мекунад.
Тавре ки роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар фарҷоми мулоқот донишҷӯён ба раиси ноҳия ва роҳбарияти донишгоҳ доир ба мушкилоти хеш суолҳо манзур намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






