Шариф Саид сафири Малайзияро ба ҳузур пазируфт

Апрель 25, 2014 14:58

Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид, 24 апрел Сафири Фавқулодда ва Мухтори Малайзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргаҳаш дар Тошкент) Абдуло Азиз бини Ҳарунро  ба ҳузур пазируфт.
 
Тавре аз маркази матбуоти ПСС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат  ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии  Тоҷикистону Малайзия, ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳое, ки Малайзия таҷрибаи бойро доро буда барои Тоҷикистон манфиатовар аст: инфрасохтор, дорусозӣ, ҳамкории давлатию хусусӣ, туризм, маориф, инчунин масоили ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои тиҷоратии сохторҳои ду давлат мавриди  баррасӣ қарор гирифтанд. 
 
Мусоҳибон ҳамчунин масоили дар пешистодаи ташкили  бизнес форуми ҳайати соҳибкорони Тоҷикистон ва Малайзия, ки дар Куала — Лумпур баргузор мегардад, муҳокима намуданд.
 
 
 

Апрель 25, 2014 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик