Шариф Саид сафири Малайзияро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид, 24 апрел Сафири Фавқулодда ва Мухтори Малайзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргаҳаш дар Тошкент) Абдуло Азиз бини Ҳарунро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз маркази матбуоти ПСС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Малайзия, ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳое, ки Малайзия таҷрибаи бойро доро буда барои Тоҷикистон манфиатовар аст: инфрасохтор, дорусозӣ, ҳамкории давлатию хусусӣ, туризм, маориф, инчунин масоили ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои тиҷоратии сохторҳои ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мусоҳибон ҳамчунин масоили дар пешистодаи ташкили бизнес форуми ҳайати соҳибкорони Тоҷикистон ва Малайзия, ки дар Куала — Лумпур баргузор мегардад, муҳокима намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






