Шиносоӣ бо планетарияи ҷумҳуриявӣ

Апрель 15, 2014 12:01

Хуҷанд, 15.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Дирӯз зиёда аз 150 нафар тарбиятгирандаи гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаби Муассисаи давлатии “Кӯдакистони Президенти”-и шаҳри Хуҷанд аз планетарияи ҷумҳуриявии ба номи Абӯмаҳмудӣ Хуҷандии маркази вилоят, ки дар Осиёи Миена ягона ба ҳисоб меравад, дидан намуд. 
Тавре ки масъулин иброз доштанд, зимни боздид кӯдакон бо  қоидаҳои илми нуҷум ва асрори осмони ситоразор шинос шуданд, ки ин барои онҳо бисёр ҳам шавқовару хотирмон буд. Инчунин пас аз шиносоӣ бо осмони ситоразор ва тамошои намоиш-филми “Аввалин парвози инсон” дар саҳни планетария  (майдони махсусе, ки дар он ҷо ҳаракати ситораҳоро намоиш медиҳанд), озмуни расмкашӣ таҳти унвони «Кайҳон аз нигоҳи кӯдакон» баргузор шуд. 
Бояд гуфт, ки тарбиятгирандагони кӯдакистони президентӣ на танҳо иштирокчиёни фаъоли  чорабиниҳои дохилӣ, балки озмунҳои шаҳриву вилоятӣ низ ҳастанд.  
 
 
 

Апрель 15, 2014 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик