Шиносоӣ бо планетарияи ҷумҳуриявӣ
Хуҷанд, 15.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Дирӯз зиёда аз 150 нафар тарбиятгирандаи гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаби Муассисаи давлатии “Кӯдакистони Президенти”-и шаҳри Хуҷанд аз планетарияи ҷумҳуриявии ба номи Абӯмаҳмудӣ Хуҷандии маркази вилоят, ки дар Осиёи Миена ягона ба ҳисоб меравад, дидан намуд.
Тавре ки масъулин иброз доштанд, зимни боздид кӯдакон бо қоидаҳои илми нуҷум ва асрори осмони ситоразор шинос шуданд, ки ин барои онҳо бисёр ҳам шавқовару хотирмон буд. Инчунин пас аз шиносоӣ бо осмони ситоразор ва тамошои намоиш-филми “Аввалин парвози инсон” дар саҳни планетария (майдони махсусе, ки дар он ҷо ҳаракати ситораҳоро намоиш медиҳанд), озмуни расмкашӣ таҳти унвони «Кайҳон аз нигоҳи кӯдакон» баргузор шуд.
Бояд гуфт, ки тарбиятгирандагони кӯдакистони президентӣ на танҳо иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои дохилӣ, балки озмунҳои шаҳриву вилоятӣ низ ҳастанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






