Шиносоии Президент бо сабзавоткорӣ дар Ғафуров

Апрель 5, 2014 11:23

 Душанбе, 5.04.2014. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Абдураҳим Ҷумаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо таҷрибаҳои парвариши сабзавоти барвақтӣ бевосита шинос шуд.Тавре иттилоъ доданд, ҳоло хоҷагиҳои калони деҳқонии вилояти Суғд мавриди навсозӣ қарор гирифта, дар заминҳои онҳо хоҷагиҳои хурд-хурд таъсис меёбанд. Ба ин тартиб аз аввали сол аллакай қариб 20 ҳазор хоҷагии нави деҳқонӣ таъсис ёфта, чандин ҳазор деҳқонон соҳиби замин гардидаанд. Ин аст, ки аллакай 2,5 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар баргашта, соҳиби замин шудаанд ва ризқу рӯзии худ аз ҳамин ҷо ҳосил мекунанд. Шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд имкон дорад аз 23 ҳазори аввали соли равон то охири сол ба 64 ҳазор адад расонда шавад. Танҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар заминаи 81 хоҷагии деҳқонии калон 2215 хоҷагии оилавӣ ва инфиродӣ таъсис ёфтааст ва ин раванд идома дорад. Ин тадбири наку боиси хушҳолии деҳқонони асил гардидааст.Чунонки зикр гардид, яке аз шуғлҳои асосии кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвариши сабзавоти барвақтӣ аст, зеро талабот ба он дар бозори шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо хеле зиёд аст. Хотиррасон бояд намуд, ки ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамену Ҷаббор Расулов таъминкунандагони асосии шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум, Истиқлол, Истаравшан ва аксари шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Суғд бо сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, карам, сирпиёз ва ҳам пиёз, сабзӣ ва картошкаи барвақтӣ мебошанд. Сабзавоти барвақтӣ аз ин ноҳияҳо, ҳамчунин ба бозорҳои маркази ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар равона мегардад.Чунонки аён гардид, ҳоло дар заминҳои беканори ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов низ намудҳои гуногуни сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳо ва зери пленка корида шудааст ва маҳсулоти онҳо аллакай аввалҳои моҳи май ба бозор ворид мегардад.Деҳқонони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳамчунин дар 135 га картошкаи барвақтӣ ва 125 га пиёзи барвақтӣ кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб доранд.Деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошанд, дар 1150 га сабзавот кишт намудаанд, ки ҳосили фаровон хоҳанд дод.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа ва деҳқонони асили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои пурсамар истифода бурдани заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ ва афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуд, ки дар парвариши сабзавоти барвақтӣ талаботи бозорҳои хориҷи кишварро низ ба назар гиранд, зеро ҳавасмандӣ ба сабзавоти тару тоза аз Тоҷикистон дар хориҷи наздик хеле зиёд аст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз қитъаҳои замини хоҷагии Абдураҳим Ҷумъаев бо дуои пирони рӯзгордида ба кишти пахта низ оғоз бахшид. Ин кор бо тухмипошаки навъи нави замонавӣ сурат гирифт. Тавре иттилоъ доданд, кишти пахта бо чунин тухмипошак имкон медиҳад, ки сарфи чигит нисбат ба усулҳои пешина 4-5 баробар кам шавад. Дастур дода шуд, ки минбаъд бештар чунин техникаи муосир харидорӣ ва дастраси кишоварзон карда шавад.Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи миллии Ваҳдат, ки то имрӯз масоҳаташ ба 661 га расидааст, ташриф оварда, бо нашъунамои онҳо бевосита шинос шуд.Тавре аён гардид, аксари ниҳолҳои ин боғи намунавӣ боровар шудаанд.Хотиррасон бояд намуд, ки бунёди ин боғи овозадор чанд сол пеш бо дастуру раҳнамоӣ ва иштироки бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Имрӯз ин боғ ба як гӯшаи зебои диёри нозанини мо табдил ёфтааст ва аз он беш аз 1000 нафар деҳқонону боғпарварон ризқу рӯзӣ ҳосил мекунанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Апрель 5, 2014 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Коршиносони Маркази тадқиқоти стратегӣ дар конфронси байналмилалӣ доир ба рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон гӯшаи фарҳанги миллӣ ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ташкил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад