Шумораи нашъаҷаллобони хориҷӣ меафзояд
Душанбе, 05.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-«Шумораи бештари хориҷиёнро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дастгир шудаанд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил медиҳад»,-иттилоъ медиҳад Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар давоми 3 сол (2010-2013) дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ 164 шаҳрванд аз 11 давлат дастгир шуд, аз ҷумла 109-шаҳрванди ҶИА, 15-Қирғизистон, 10-Русия, 9-Ӯзбекистон,6-Эрон, 5-Покистон, 3-Украина, 2 нафарӣ аз Чин, Қазоқистон, Литва ва 1 нафар аз Арабистон.
«Дар маҷмӯъ дар ин давра аз дастгиршудагони хориҷӣ аз 2,1 тонна воситаи нашъадор, аз ҷумла 391 кг воситаи нашъадори гурӯҳи афюн мусодира шуд. Бештар аз 1,9 тонна маводи мухаддир аз шаҳрвандони Афғонистон мусодира шуд. Ғайр аз ин, аз шаҳрвандони афғон 37 ҳазору 960 доруи диапезам ва аз шаҳрвандони Эрон 62,879 кг метамфетамин мусодира гардид»,-зикр менамояд сарчашма.
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дастгир шудаанд, дар соли гузашта аз 28 ба 43 нафар расид.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






