Шумораи нашъаҷаллобони хориҷӣ меафзояд

Апрель 5, 2014 10:01

Душанбе, 05.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-«Шумораи бештари хориҷиёнро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дастгир шудаанд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил медиҳад»,-иттилоъ медиҳад Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар давоми 3 сол (2010-2013) дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ 164 шаҳрванд аз 11 давлат дастгир шуд, аз ҷумла 109-шаҳрванди ҶИА, 15-Қирғизистон, 10-Русия, 9-Ӯзбекистон,6-Эрон, 5-Покистон, 3-Украина, 2 нафарӣ аз Чин, Қазоқистон, Литва ва 1 нафар аз Арабистон.
«Дар маҷмӯъ дар ин давра аз дастгиршудагони хориҷӣ аз 2,1 тонна воситаи нашъадор, аз ҷумла 391 кг воситаи нашъадори гурӯҳи афюн мусодира шуд. Бештар аз 1,9 тонна маводи мухаддир аз шаҳрвандони Афғонистон мусодира шуд. Ғайр аз ин, аз шаҳрвандони афғон 37 ҳазору 960 доруи диапезам ва аз шаҳрвандони Эрон 62,879  кг метамфетамин мусодира гардид»,-зикр менамояд сарчашма. 
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дастгир шудаанд,  дар соли гузашта аз 28 ба 43 нафар расид. 

Апрель 5, 2014 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд