Симчӯби барқӣ — боиси марги ронанда
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Дирӯз, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Toyota-Mark 2», Зокиров Муқбил Ҳусайнович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе, аз самти кӯчаи Неъмат Қарабоев ба самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби барқии байни роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронанда М. Зокиров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






