Сипосгузорӣ ба кормандони Сафорати ҶТ дар ФР
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар, Марҳабои Азамат). — Аз номи директори дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират воқеъ дар шаҳри Маскав ҷаноби Жигич Златко ба унвони Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев нома расидааст, ки дар он ба сафир барои ҳамкории судманд ҷиҳати расонидани ёрӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Русия изҳори миннатдорӣ карда мешавад.
Корманди масъули Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Ҳабибулло Каримов дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба гуфтаи Ҳабибулло Каримов, роҳбари дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Маскав ҳамчунин узви Шӯрои ҷамъиятии Сафорати ҶТ дар ФР, роҳбари ҷамоаи тоҷикон дар вилояти Волгогради Федератсияи Русия Саидаҳмад Маҳмадов барои ҳамкории самарабахш бо кормандони Маркази иттилоотии дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират изҳори сипос намуд.
«Саидаҳмад Маҳмадов барои ба ватан баргаштани се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди вилояти Волгоград дар вазъияти ногувор қарор доштанд, кӯмак намуд. Номбурда ҳамчунин ба як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шароити будубошаш тоқатнофарсо буд, дасти ёрӣ дароз намуд», — гуфт корманди Сафорати ҶТ дар ФР.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






