Сироҷидин Аслов Абдул Азиз Ҳорунро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Малайзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдул Азиз Ҳорунро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, алалхусус таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, саноати сабук, захираҳои табиӣ ва рушди сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҳамкории қобили таваҷҷуҳи тарафайнро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






