Собиқадорони ҶБВ кӯмакпулӣ мегиранд
Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина Пасторова). — Раёсати пойтахт ба ҳар нафар иштироккунандагон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробари 900 сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина медиҳад.
Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Раёсати молияи шаҳр дастур додааст, ки аз хазинаи захира барои ин мақсад беш аз 714 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.
Аз ҷумлаи ин маблағ ба ҳар нафар иштироккунандагони муҳосираи Ленинград, шахсони дорои мукофотҳо барои меҳнат дар ақибгоҳ, маъюбони амалиётҳои ҳарбӣ дар кишварҳои дигар, иштироккунандагони рафъи садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, ҳамчунин хонаводаҳои шахсоне, ки ҳангоми муҳофизати сохти конститутсионӣ ҳалок шудаанд, 650 сомонӣ дода мешавад.
Гуфта мешавад, ки кӯмакпулиҳо то 7 майи соли ҷорӣ дастрас мегарданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раёсати шаҳри Душанбе хабар медиҳад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






