Собиқадорони ҶБВ кӯмакпулӣ мегиранд

Апрель 28, 2014 13:25

Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Екатерина  Пасторова). — Раёсати пойтахт ба ҳар  нафар иштироккунандагон  ва  маъюбони  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ баробари 900 сомонӣ кӯмакпулии  якдафъаина медиҳад.
Раиси  шаҳри  Душанбе  Маҳмадсаид  Убайдуллоев  ба  Раёсати  молияи   шаҳр  дастур  додааст, ки  аз хазинаи   захира барои  ин  мақсад  беш  аз 714  ҳазор  сомонӣ  ҷудо  кунад. 
Аз  ҷумлаи  ин  маблағ  ба  ҳар  нафар  иштироккунандагони муҳосираи  Ленинград, шахсони  дорои  мукофотҳо  барои  меҳнат дар  ақибгоҳ,  маъюбони  амалиётҳои  ҳарбӣ  дар  кишварҳои  дигар,  иштироккунандагони  рафъи садамаи нерӯгоҳи  атомии Чернобил,  ҳамчунин хонаводаҳои   шахсоне, ки  ҳангоми  муҳофизати  сохти  конститутсионӣ ҳалок шудаанд,  650  сомонӣ  дода  мешавад.
Гуфта  мешавад, ки  кӯмакпулиҳо то  7  майи  соли ҷорӣ  дастрас  мегарданд.
Дар  ин  бора  Хадамоти  матбуоти раёсати  шаҳри  Душанбе  хабар  медиҳад.

Апрель 28, 2014 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд